Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ - ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ба симати ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пазируфта шуд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод.


Вай афзуд: «Рустами Эмомалӣ, ки поягузори дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маҳсуб мешавад, барои рушди футболи тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Дастаи ташкилнамудаи ӯ ду бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва инчунин барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон шудааст ва имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ бомуваффақият бозӣ дорад. «Истиқлол», ки ҳоло дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст, муддаии аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Рустами Эмомалӣ, ки бо пешниҳоди Сӯҳроб Қосимов, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи федератсия ба вазифаи ноиби президенти ФФТ тасдиқ шуд, барои рушди минбаъдаи футбол, бахусус, футболи кӯдакону наврасон дар кишвар кӯмак хоҳад кард».

Рустами Эмомалӣ бузургписари раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Ӯ 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси «Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ» хатм кардааст ва феълан шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав мебошад.

Вай оиладор аст ва як духтар дорад. Рустами Эмомалӣ ҷонишини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, моҳи феврали соли равон вакили Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Вай сардори раёсати бозаргонии Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG