Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душвориҳои таъсиси эътилофи парлумонӣ дар Қирғизистон


Омурбек Тикебаев, раиси ҳизби Ата-Мекени Қирғизистон гуфт, ҳизби вай барои ташкили эътилоф ба музокирот ҳамроҳ нашудааст. Вай гуфт ҳизби вай дар миёни ҳизбҳои панҷгона мақоми ахирро ишғол кардааст ва интизор мешавад, ки ҳизбҳои дигар вайро ба музокира даъват кунанд.

Тикебаев ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт: "Мо хурдтарин ҳизб ҳастем. Касе моро ҷиддӣ намегирад, ба ҳамин сабаб касе бо мо ба таври расмӣ музокира намекунад. Муттаассифона, мо аз як ҳизби бузург ба ҳизби кӯчак табдил ёфтем. Барои ҳамин мо ҳоло ягон пешниҳод дар бораи музокироти расмӣ нагирифтаем".

Нахустин интихоботи демократӣ дар Осиёи Миёна

10-уми октябр дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд ва онро нахустин интихоботи демократӣ дар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд. Маъмулан дар ин минтақа, руасои ҷамоҳири худкома ҳукумат мекунанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Қирғизистон 1-ӯми ноябр эълон шуд.

Бино ба ин натиҷаҳо, ҳизби Ата-Мекен аз 120 ҷой дар парлумон 18 курсиро ишғол хоҳад кард. Интизор мерафт, ки ин ҳизб бо ду ҳизби дигар вориди як эътилоф мешавад, яъне бо ҳизбҳои Сотсиал-Демократ ва ҳизби Республика, ки акнун дар парлумон 67 намоянда хоҳанд дошт. Ин, ки Тикебаев аз лиҳози шумораи намояндагонаш дар парлумон дар миёни ҳизбҳо мақоми ахирро ба даст овардааст, вале вай чун ҳуқуқдон ва раиси пешини парлумон, сиёсатмадори шинохта аст.

Низоми нави парлумонӣ дар Қирғизистон ба Русия писанд нест, низоме, ки тобистони соли ҷорӣ бо кӯшиши Тикебаев дар бораи он қонун таҳия ва дар раъйпурсӣ пазируфта шуд. Акнун ин ҷумҳурӣ аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми парлумонӣ мегузарад. Маскав аз ин низом нигарон аст ва медонад, ки эъмоли нуфуз ба як нафар, яъне танҳо ба президент осонтар аст, нисбат ба нерӯҳои мухталифи сиёсӣ дар парлумон.

Дар гузашта Тикебаев таъкид карда буд, ки Ата-Мекен бо ҳизбҳои Сотсиал-Демократ ва ҳизби Республика музокира нахоҳад кард, агар онҳо розӣ нашаванд, ки Тикебаев мақоми раиси парлумонро ишғол кунад. Вале дирӯз дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ вай нахост ин гуфтаҳои қаблии худро тавзеҳ диҳад ва дар бораи қадамҳои баъдии худ роҷеъ ба ташкили эътилоф чизе бигӯяд.

Мушкилиҳои таъсиси эътилоф

Агар дар Қирғизистон барои ташкили эътилофи парлумонӣ ва ба вижа барои ташкили ҳукумати нав созиш ба даст наояд, ин бад-он маънӣ хоҳад буд, ки таҷрубаи интихоботи парлумонии ин кишвар зери хатар хоҳад рафт ва мумкин аст дар ин кишвар зарурати баргузории интихоботи дигар пеш ояд.

Ду ҳизби дигар, яъне ҳизби миллатгарои Ата-Ҷурт ва ҳизби Оруномуси ҷонибдори Русия, ки интизор мерафт ба оппозитсия ҳамроҳ шаванд, мухолифи сарсахти низоми парлумонӣ мебошанд.

Ҳар гуна бунбасти сиёсӣ дар Қирғизистон ба ин маънӣ хоҳад буд, ки нигарониҳо дар Қирғизистон паси сар нашудаанд. Тикебаев гуфт, вай ва мақомоти расмии ҳамфикри вай бар ин ақидаанд, ки демократияи парлумонии Қирғизистон наҷот хоҳад ёфт:

"Мо ҳар кори имкондоштаро барои наҷоти низоми парлумонӣ анҷом хоҳем дод. Вале ҳама чиз ба вазъ вобаста аст. Агар тарҳи мо муваффақ шавад, низоми парлумонӣ ба кишварҳои ҳамсоя низ хоҳад рафт. Агар ноком шавад, дар низоми ҳукуматдорӣ баъзе тағйирот пеш хоҳад омад. Ба ҳар ҳол умед дорем, ки он мувваффақ мешавад"
.
XS
SM
MD
LG