Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бамгузориҳои Бағдод 36 нафар кушта шудаанд


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки дар натиҷаи як силсила инфиҷорҳои ба эҳтимоли зиёд ҳамоҳангшуда дар Бағдод-пойтахти ин кишвар 36 нафар кушта, 320 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин инфиҷорҳо аслан дар маҳаллоти шианишин рух додааст. Дастикам 10 бам дар роҳҳо мунфаҷир шудааст. Мақомот мегӯянд, баъзе аз ин бамҳо дар наздикиҳои қаҳвахонаҳову тарабхонаҳо мунфаҷир шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе дар ҳамлаи пулис ба калисое, ки намозгузоронро дар он гаравгон гирифта буданд, беш аз 50 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG