Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Обама дар интихоботи миёндавраии Амрико мебозад?


Дар Амрико дар ин соатҳо райдиҳӣ дар интихоботи миёндавраӣ идома дорад. Интихобкунандагон барои ҳайати нави Маҷлиси Намояндагони Конгрес ва як севвуми Сенат рай медиҳанд. Назарсанҷиҳои қаблазинтихоботӣ нишон медиҳад, ки Ҳизби Демократи Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар ин интихобот мумкин аст аксариятро дар Маҷлиси Намояндагон аз даст диҳад ва рақиби онҳо Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба аксарият соҳиб шавад. Ҷумҳурихоҳон ҳамчунин умед доранд, ки дар Сенат низ курсиҳои бештарро ба даст оранд ва бад-ин тариқ дар он ҷо низ аксариятро соҳиб шаванд. Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико ё маҷлиси поёнӣ дорои 435 ҷой аст ва ҳамаи он дар ҳамин интихобот интихоб мешаванд. Вале аз 100 курсии Сенат барои 37 ҷой интихобот сурат мегирад. Аз 50 волии аёлатҳо низ 37 волӣ интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG