Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз норӯшании натиҷаи интихоботи Афғонистон


Имрӯз ҳудудан 300 сокини Афғонистон ба нишони эътироз аз мушкилоти марбут ба интихоботи парлумонии моҳи сентябр дар хиёбонҳои Кобул раҳпаймоӣ карданд. Ҳарчанд натиҷаҳои муқаддамотии интихобот моҳи гузашта эълон шуда буд, аммо то ҳол маълум нест, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот чӣ будааст. Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ ҳафтаи гузашта тақрибан чоряки баргаҳои раъйро бо иллати тақаллубу иштибоҳ бекор кард. Вале ин иқдоми комиссиюн боиси сару садоҳо дар ҷомеаи ин кишвар шуд, ки ба вуҷуди муомилаҳои ин ниҳод ишора мекунад. Чанд номзад талаби таҳқиқи ин қазияро пеш гузоштанд.
XS
SM
MD
LG