Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нохушнудии Карзай аз ширкати русҳо дар амалиёти Нангарҳор


Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар дидор бо ҷенерол Давид Петреус, фармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон аз вай хостааст аз иҷрои фаъолиятҳое, ки нақзи ҳокимияти миллии Афғонистон хонда мешавад, ҷилавгирӣ кунад.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон ширкати махфии русҳо дар амалиёти зидди маводи мухаддир дар вилояти Нангарҳорро нақзи ҳокимияти миллии Афғонистон тавсиф кардааст.

Нақзи ҳокимияти миллии Афғонистон

Ваҳид Умар, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба хабарнигорон дар Кобул гуфта аст, ки ҷенерол Давид Петреус дар мавриди амалиёти муштараки нерӯҳои афғон НАТО ва русӣ дар вилояти Нангарҳор ба оқои Карзай тавзеҳот додааст.

Оқои Умар дар идома гуфт: «Фармондеҳи НАТО рӯзи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Афғонистон иштирок карда ва ба ин иртибот тавзеҳот дод. Баъд аз он, сӯҳбатҳои дуҷониба байни раиси ҷумҳури Афғонистон ва фармондеҳи НАТО сурат гирифт. Фармондеҳи НАТО дар ин маврид тавзеҳот дод ва раиси ҷумҳури Афғонистон мавқифи худро ба ошкор ва рӯшан як бори дигар такрор кард ва хостори ҷилавгирӣ аз ин навъ қонуншиканиҳо дар оянда шуд»

Оқои Умар ҷузъиёти бештар дар мавриди ин дидорро ифшо накард.

Ба дунболи иҷрои амалиёти муштараки нерӯҳои пулиси вазорати дохилаи Афғонистон, сарбозони амрикоӣ таҳти раҳбарии НАТО ва русҳо дар вилояти Нангарҳор, ки дар натиҷаи он ҳафтаи гузашта чаҳор корхонаи бузурги тавлиди маводи мухаддир аз байн рафт, раёсати ҷумҳури Афғонистон бо лаҳни тунд аз ҳузури русҳо дар ин амалиёт интиқод кард.

Сафорати Русия: тавофуқ сурат гирифта буд

Ҳар чанд раҳбарии ин амалиётро нерӯҳои мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Афғонистон ба ӯҳда доштаанд, аммо ба гуфтаи мақомоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, ба онон дар мавриди ширкати шаҳрвандони русӣ дар ин амалиёт иттило дода нашуда буд.

Раёсати ҷумҳури Афғонитстон бо пахши хабарномае, ин иқдомро нақзи ҳокимияти милли Афғонистон ва хилофи қонунҳои байналмиллалӣ хонд ва аз фармондеҳи НАТО хост дар ин маврид рӯшанӣ биндозад.

Аммо сафорати Русия дар Кобул гуфта аст, ба асоси тавофуқ миёни Афғонистон ва Русия, ду корманди идораи федаралии Русия дар бахши контроли маводи мухаддир ба унвони нозир дар ин амалиёт ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG