Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон сафирашро аз Маскав бозхонд


Ҳукумати Ҷопон гуфт, ки баъди сафари ғайримунтазираи раҳбари Русия Дмитрий Медведев ба ҷазираҳои баҳсбарангези Курил сафири худ дар Маскавро муваққатан бозмехонад. Вазири хориҷаи Ҷопон Сейҷӣ Маеҳара гуфт, ки вай мехоҳад дар бораи боздиди Медведев аз яке аз ин чаҳор ҷазира аз сафири худ тафсилоти бештар бигирад. Нирӯҳои Русия дар поёни ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҷазираҳои Курил мустақар шуда ҷанубтарин қаламрави Ҷопонро аз они худ хондааст. Вале Ҷопон ҳеҷ гоҳ аз ин ҷазираҳо даст накашид. Ҳамин баҳс сабаб шуд, ки то имрӯз миёни ду кишвар созишномаи расмии сулҳ имзо нашудааст. Медведев аввалин раҳбари Русия буд, ки аз ин ҷазираҳо дидан кард.
XS
SM
MD
LG