Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори "шӯришӣ" дар Доғистон


Полиси ҷумҳурии Доғистони Қафқози Шимолӣ мегӯяд, ки як марди мусаллаҳ бо норинҷак баъди кӯшиши ҳамлааш ба полис кушта шуд. Вазорати умури дохилаи Доғистон мегӯяд, ки ин ҳодиса шоми дирӯз дар шаҳри Каспийск рӯй дод. Ходими маҷрӯҳшудаи полис ба шифохона интиқол ёфтааст. Вазорати дохила гуфт, шӯришгар чун марди 31-сола Мурод Шашаев ва “раҳбари гурӯҳи маҳаллии террористӣ” шиносоӣ шудааст. Мақомот гуфтанд, ин нафар дар тақрибан 30 ҷиноят даст доштааст. Дар ҳодисаи дигар, дар шаҳри доғистонии Хасавюрт як имоми масҷид аз ҷониби ҳамлагари ношинос кушта шуд. Нирӯҳои федеролии Русия зидди шӯришиёни исломӣ дар Қафқози Шимолӣ мубориза мебарад.
XS
SM
MD
LG