Қарор аст, имрӯз дар Лондон Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ва Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот ва дар бахши дифоъ қарордоди нави ҳамкорӣ имзо кунанд. Ба ин ҳамкориҳо такмил ва озмоиши кулоҳакҳои ҳастаӣ низ дохил мешавад. Сатҳи ҳамкориҳои дифоӣ, ки миёни ин ду кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, узви НАТО ва узви Шӯрои Амнияти СММ барномарезӣ шудааст, бесобиқа дониста мешавад. Раиси ҷумҳурии Фаронса гуфтааст, дар кишвараш маркази муштараки мутолеоти ҳастаӣ ташкил мешавад, ки он озмоишҳои муштараки ҳастаӣ низ мумкин аст анҷом диҳад. Дар Британия низ маркази дигари муштарки мутолеоти ҳастаӣ иҷод хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Лондон раҳбарони ин ду кишвар дар бораи ташкили нируҳои низомӣ эъломияе мунташир созанд. Ин нируҳо аз ҳазорон нафар иборат хоҳад буд ва онро ин ду кишвар истифода хоҳанд кард. Ба ин нируҳо киштиҳои ҳавопаймобар низ шомил хоҳанд буд.