Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 52 нафар дар калисои Бағдод


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, дар амалиёти наҷоти гаравгонҳо дар калисои Бағдод 52 нафар кушта шудаанд. Ин амалиёт дар ҳоле оғоз шуд, ки шоми якшанбе ситезаҷӯён ҳамаи намозгузорони калисоро гаравгон гирифтанд. Маълум нест, гаравгонҳо аз дасти мусаллаҳон кушта шудаанд ва ё бар асари амалиёти наҷоти онҳо. Ситезаҷӯён аввал ба як саррофӣ дар наздикии калисо ҳамла карданд ва сипас калисоро, ки дар он 120 нафар гирд омада буд, ишғол намуданд. Бино бар изҳороте дар як сомонаи интернетӣ гурӯҳи тундрави марбут ба Ал Қоида бо номи "Давлати исломии Ироқ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG