Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон эътирозҳои Тоҷикистонро "иғвогарона" номид


Вазорати умури хориҷии Узбакистон хабарҳои матбуот ва эъломияҳои расмии мақомоти Тоҷикистонро дар бораи боздошт шудани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон шадидан рад кард ва онҳоро "беасосу иғвогарона" номид. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, интиқоли вагонҳо ба самти Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи гузашта 102 дарсад афзудааст ва мақомоти Узбакистон ӯҳдадориҳои хешро дар масъалаи транзити коло аз қаламраваш ба пуррагӣ иҷро мекунад. Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, баёнияҳои бепояи мақомоти Тоҷикистон ба рушди равобити хуби ҳамсоядорӣ зарба зада, эътимоди байнидавлатиро коҳиш медиҳанд. Изҳороти Узбакистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон эълом доштааст, барои ҷуброни хисороти "муҳосираи нақлиётӣ" ба додгоҳи байнулмилалӣ муроҷиат хоҳад кард. Дар канори радди эътирози тарафи Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷии Узбакистон инро ҳам иқрор кардааст, ки дар интиқоли вагонҳо ба Тоҷикистон "баъзе мушкилоти фаннӣ ва икмолотии марбут ба тармими роҳҳо" ҷой доштааст.
XS
SM
MD
LG