Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади узви гурӯҳи "Алфа" дар рӯди Сурхоб


Аз дарёи Сурхоб дар ноҳияи Рашт ҷасади боз як узви гурӯҳи «Алфа»- и Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон кашф шудааст. Бино бар хабари Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, гурӯҳи ҷустуҷӯгари ин кумита дар маҳали суқути чархболи Горди милии Тоҷикистон ҷасади прапоршики калони гурӯҳи "Алфа" Сӯҳроб Мирзоевро пайдо кардааст. Пештар, рӯзи 27-уми октябр, ҷасади се нафар, аз ҷумлаи шаш нафари нопадидшуда -прапоршикҳои гурӯҳи «Алфа» Мискиншо Ироншоев, сокини шаҳри Хоруғ, Олим Суяров, сокини ноҳияи Данғара ва Ширин Сафаров зодаи ноҳияи Фархор, кашф шуда буд. Ба иттилои мақомоти кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, амалиёти ҷустуҷӯи ду нафари боқимонда идома дорад. Мақомоти интизомии кишвар аз суқути чархболи ҳомили нерӯҳои қудратӣ дар маҳали Навободи минтақаи Рашт дар рӯзи 6 октябр хабар дода буданд, ки дар пайи он аз 27 савори чархбол, 20 нафар ба ҳалокат расид. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нерӯҳои “Алфа” шиносоӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG