Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳзода Холид Ал-Сауд


Холид Ал-Сауд аснои нишасти хабарӣ
Холид Ал-Сауд аснои нишасти хабарӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз муовини вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид бин Сауд бин Холид Ал-Саудро ба ҳузур пазируфт. Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни ду кишвар, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.

Шоҳзода Холид Ал-Сауд пас аз анҷоми мулоқоти якунимсоата бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ равобити кишвараш бо Тоҷикистонро нек ва дӯстона тавсиф кард ва гуфт, ки Арабистони Саудӣ омода аст дар тарҳҳои энержӣ ва иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Вай аз ҷумла зикр намуд, ки кишвараш то ба ҳол дар Тоҷикистон ба маблағи 75 миллион доллар сармоягузорӣ намуда ва ба маблағи 190 миллион доллари дигар аз тариқи тарҳҳои муштараки Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон саҳми худро гузоштааст.

Меҳмони Саудӣ ҳамзамон афзудааст, ки дар сурати дархости тарафи Тоҷикистон, кишвараш метавонад ҳаҷми сармояҳояшро бештар кунад.

Мулоқоти ҳайати Арабистони Саудӣ бо мақомоти вазорати хориҷа ва вазорати иқтисод низ дар назар гирифта шудааст.

Равобити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ - яке аз умдатарин кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ (СКИ) мебошад, ки соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, сар аз оғози соли ҷорӣ намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудааст. Бунёди Саудии Рушд яке аз муассисаҳои молиявии ин кишвар аст, ки дар амалӣ намудани бархе лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон мушаххассан дар сохтмони роҳҳо ва мактабу беморхонаҳо фаолият мекунад.

Бо ин, ки кишвари нафтхези Арабистон барои сармоягузории бештар дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, вале амалан то ҳол иқдоми ҷиддиеро дар ин самт анҷом надодааст. Аз сӯйи дигар беш аз як сол аст, ки дар байни мардум сухан аз боби муҳоҷирати корӣ ба Арабистони Саудӣ меравад, аммо ин масъала низ норушан боқӣ монда, шуруъи барномаи муҳоҷират ҳанӯз зери суол аст.

Хабаргузориҳои арабӣ соли 2009 дар поёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ навишта буданд, ки акнун садҳо муҳоҷири кории тоҷикистонӣ, ки аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ корашон дар Русияро аз даст додаанд, метавонанд дар Арабистон Саудӣ соҳиби шуғл шаванд.

Созиши содироти нирӯи корӣ ба Арабистони Саудӣ соли равон дар ҷараёни сафари Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ҳосил шуда буд.
XS
SM
MD
LG