Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз сарнавишти ронандаи тоҷик рӯшан мешавад


Бино ба хабарҳои матбуоти Русия, имрӯз додгоҳи ноҳиявии шаҳри Тулаи Русия дар бораи сарнавишти Давлатшо Элбегиев -шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон тасмим мегирад. Вай дар ҳодисаи нақлиётӣ, ки генерали рус Владимир Шаманов-фармондеҳи нируҳои десанттии Русия ҷароҳат бардоштааст, гумонбар дониста мешавад. Агар Элбегиев дар ин ҳодиса гунаҳгор дониста шавад, тибқи қонуни Русия ба вай то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Андрей Ярцев-сухангӯи раёсати корҳои дохилаи вилояти Тула ба матбуот гуфтааст, имрӯз, 1-ӯми ноябр гурӯҳи коршиносони техникӣ дар маҳали ҳодиса санҷиш мегузаронанд ва воқеиятро муайян мекунанд. То ҳол ин ақида дар гардиш аст, ки Элбегиев ронандаи мошини МАЗ ба хатти муқобили ҳаракати нақлиёт баромадааст ва бо мошини генерал бархӯрдааст. Ронандаи мошини вай дар ин ҳодиса ҳалок шудааст. Ду наффари дигари ҳамроҳони генерал ҷароҳат бардоштаанд. Ҳоло Давлатшо Элбегиев дар боздошт ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG