Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори захмиён дар таркиши Истамбул ба 22 расид


Бомбгузории эҳтимолан интиҳорӣ дар Тақсим, бузургтарин майдони Истамбул, дастикам 22 захмӣ ба ҷо гузошт.
Шаҳрдори Истамбул Авнӣ Мутлу гуфт, 10 афсари пулис ва 12 ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба хабарҳо, таркиш дар маҳалли таҷаммӯъи нирӯҳои пулис, ки ба манзури пешгирӣ аз тазоҳурот омада буданд, рух додааст. Телевизиони маҳаллии NTV хабар дод, ки ҷасади маргталабро аз зери тӯдаи рӯзномаҳо ёфтаанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Истамбул дар вокуниш ба ин ҳамла гуфт: "Мо онҳоеро, ки қасди коштани тухми низоъ дар кишварро доранд ва ба сулҳу субот ва пешрафти Туркия таҳдид мекунанд, таҳаммул нахоҳем кард. Чунин ҳамалот монеъи ҳаракати Туркия ба сӯи сулҳу бародариву пешрафт нахоҳанд шуд."
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст, вале чирикиҳои курд, ки барои мухторияти сарзаминҳои курднишини ҷанубушарқи Туркия меҷанганд, ва ҳам ҷангиёни исломӣ, дар гузашта чунин ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG