Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳарирӣ ба хатми баҳсҳои сиёсӣ дар Ироқ


Сарвазири Лубнон Саъд Ҳарирӣ имрӯз аз сиёсатмадорони Ироқ даъват кард, роҳи ҳалли бӯҳрони сиёсиеро, ки ин кишвари Ховари Миёнаро қариб 9 моҳ боз маҳрум аз як давлати фаъол нигоҳ медорад, пайдо кунанд. Ҳарирӣ гуфт, Лубнон аз ибтикори подшоҳи Саудия амир Абдуллоҳ, ки раҳбарони ироқиро баъд аз анҷоми маросими Ҳаҷҷ барои музокирот ба Риёз даъват кардааст, истиқбол мекунад. Ӯ раҳбарони ироқиро ба ҳалли баҳсҳо дар зери чатри Лигаи давлатҳои арабӣ ташвиқ кард.
Интихоботи парлумонии Ироқ дар моҳи март як ғолиби умдаро маълум накард. Эътилофи сарвазири собиқ Иёд Алавӣ бо фарқи андаке бар эътилофи сарвазири феълӣ Нурӣ Моликӣ ғолиб омад, вале то ҳол бар сари ташкили давлати ҷадиди Ироқ тавофуқе ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG