Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туҳфаи бебаҳо ба беморхонаҳо


Лоиҳаи беҳдоштии заминавию ҷамоавӣ - яке аз барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ қасд дорад, беморхонаҳои навоҳии дурдасти вилояти Хатлонро бо батареяҳо, ё панелҳои офтобӣ таъмин кунад.

Қурбоналӣ Қурбонов, ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа ва расонаҳои хабарӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, иқдоми мазкур барои таъмини гармӣ дар зоишгоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз бебарқӣ, ки ба маргумири кӯдакон ва беморон дар шифохонаҳо сабаб мешавад, пеш гирифта шудааст:

«Дар вилояти Хатлон тайи чанд соли охир дар фасли зимистон аз сабаби зиёд гаштани талаботи аҳолӣ нисбати истифодабарии нерӯи барқ, кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ҳангоми адои вазифаи ҳаррӯзаи худ, сари ҳар қадам ба мушкилиҳои мухталиф рӯ ба рӯ мегарданд. Зеро барои ташхису табобати беморон, тамизгардонии таҷҳизоти тиббӣ, нигоҳ доштани утоқҳои корӣ бо ҳарорати муайяни гармию равшанӣ, нерӯи барқ лозим меояд. Аммо қувваи барқ ба таври лимит дар соатҳои муайяне дода мешавад, ки вақти кории духтурон аллакай ба поён мерасад…»

Ҷаноби Қурбонов афзуд, ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, ки маҳз дар кадом ноҳияи вилояти Хатлон дар навбати аввал иқдоми лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ барои насби панелҳои офтобии тавлиди нерӯи барқ татбиқ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, барои якумин бор аст, ки дар бемористонҳои қаламрави Хатлон аз чунин як таҷрибаи насби батареяҳои офтобӣ истифода мешавад, бахусус дар ҳоле ки аллакай дар баъзе навоҳии дурдасти ҷануби кишвар барқ бо маҳдудият дода мешавад.

Зоишгоҳҳои бебарқ

Алии Ҷонон, як хабарнигори маҳаллӣ, ки дар мавзӯъҳои беҳдоштӣ силсилаи матолиб ба нашр расонидааст, мегӯяд, маҳз норасоии нерӯи барқ ва адами шароити табобат дар дармонгоҳҳо ва зоишгоҳҳои канортар аз шаҳру маркази ноҳияҳо боиси хуруҷи дарди беморон ва ҳатто марги онон шудааст. Вай афзуд:

«Имрӯз дар ҳамин марказҳои саломатӣ ё шифохонаҳои деҳотӣ ягон шароити табобатӣ вуҷуд надорад, на шӯъбаи реаниматсионӣ дораду на дигар таҷҳизоти тиббӣ, ки ақаллан дар ҳолати зарурӣ модареро, ки ба хунравӣ дучор шудааст, саривақт ёрии амалӣ расонад. Ҳатто барои интиқоли беморони вазнин ба беморхонаҳои марказӣ воситаҳои лозими нақлиётӣ ҳам надоранд…»

Ва аммо идораи нигаҳдории тандурустии вилояти Хатлон мегӯяд, ба хотири беҳбуди вазъи хидматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии минтақа дар мавсими сармо бархе аз марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббиро бо генераторҳо таъмин кардааст. Вале барои истифода аз як адад чунин генератор дар ҳашт соати кори пизишкон мебояд дастикам 6 литр маводи сӯхт истифода шавад, ки баробар ба 27 сомонӣ, муодили 6 доллари амрикоист.

Маъмурияти бисёре аз дармонгоҳҳо мегӯянд, ки маблағи кофӣ барои корандозии чунин генераторҳои тавлиди барқро надоранд.

Батареяи офтобӣ - роҳи ҳалли мушкил

Дар ҳамин ҳол, Нурхон Салимов, мушовири Лоиҳаи тандурустии заминавию ҷамоавӣ, мегӯяд, дар шароити феълии беморхонаҳо истифода аз батареяҳои офтобӣ ягона роҳи оддӣ кардани мушкили бебарқӣ аст:

«Дар вақти сохтмони муассисаҳои тандурустӣ мо ба бисёр суолу мушкилотҳо рӯ ба рӯ гардидем, ки ин ҳам бошад, иваз намудани манбаъҳои истифода аз қувваи барқ бо нерӯи офтобӣ мебошад. Аз ҳамин рӯ мутахассисони соҳа баъди ҳамаҷониба санҷида баромадани иқлими Тоҷикистон ба хулосае омаданд, ки ягона роҳи аз миён бардоштани мушкилоти норасоии барқ, истифода бурдани таҷҳизоти офтобӣ мебошад, ки тавассути чунин дастгоҳҳо мо метавонем каме ҳам бошад, талаботи аҳолиро ба нерӯи барқ бароварда созем. Ба хотири сарфаи энергияи энергетикӣ, бо ҳамкорӣ ва мусоидати молиявии Бонки ҷаҳонӣ ҳамин таҷҳизотҳои тавлиди нерӯи барқ аз нури офтобро аз кишвари Чин оварда, дар бунгоҳҳои тиббии навсохтамон насб хоҳем кард».

Коршиносони масоили зистмуҳитӣ аз Фарҳангистони улуми кишвар мегӯянд, Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, мисоли обу бод ва офтоб буда, метавон ба хотири саҳл кардани мушкилоти иҷтимоию маишии шаҳрвандон аз он истифода кард. Дар Тоҷикистон солона аз 280 то 330 рӯзи офтобӣ ба мушоҳида расида, бар асоси арзёбиҳои олимони Фарҳангистони улуми кишвар, аз ҳисоби нерӯи офтоб метавон то 20 дарсади талаботи энергетикии аҳолиро бароварда сохт.

Масъулони Лоиҳаи беҳдоштии заминавию ҷамоавӣ, яке аз барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ, мегӯянд, дар сурати муваффақона насб шудани батареяҳои офтобӣ дар беморхонаи таҷрибавӣ ва судмандии он, имкон дорад, беморхонаҳои дигари ҷануби Тоҷикистон ҳам бо чунин панелҳои офтобии тавлидкунандаи нерӯи барқ таъмин карда шаванд.
XS
SM
MD
LG