Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ метавонад бо Толибон ба як тавофуқ даст ёбад?


Нашрияи "The Guardian" чопи Бритония дар шумораи ахираш матлаберо таҳти унвони «Кӣ метавонад бо Толибон ба як тавофуқ даст ёбад?» ба нашр расонидааст. Ба навиштаи ин мақола, ҳастанд чанд гурӯҳ, ки метавонанд Ғарбро дар музокирот бо Толибон кӯмак кунанд.

Рӯзнома менависад ҳадди ақал 12 канали мухталифи тамос бо раҳбарони шӯришии Афғонистон вуҷуд дорад. Ин 12 канали мухталиф, шомили ҳукуматҳо, созмонҳо ва афроди озоданд. Инҳо бо ҳам як ваҷҳи муштарак доранд ва он ин, ки ҳеҷ кадоми онҳо дар ин замина пешрафт накардаанд.

Як дипломат дар Афғонистон дар ишора ба ин каналҳо умедворияшро барои музокироти сулҳ иброз намуда мегӯяд:
«Ҳангоме, ки ҳама ҷонибҳо бубинанд замони музокирот фаро расидааст, торҳои борики равобит ба тамосҳои давомдортар мубаддал ҳоҳад шуд»

Талошҳо барои эҷоди равобит бо шӯришиён аз замоне вуҷуд дорад, ки ҷанг дар Афғонистон бар зидди Толибон оғоз шуд, вале он чи ҳоло сурат гирифтааст ин аст, ки талошҳо барои оғози музокирот дар расонаҳо инъикоси густурда ёфтааст. Вале ин ба ин маъно нест, ки пешрафти қобили мулоҳиза дар замина сурат гирифтааст.

Ба навиштаи "The Guardian" эҳтимолан ҳоло ин нукта ба нафъи баъзе ҷонибҳо аст, ки мавзӯи музокиротро бармало созанд. Қарор аст дар моҳи декабр, Вашингтон стратегияашро мавриди баррасӣ диҳад ва ин ба нафъи артиши ИМА ва ҳукумати Кобул мебошад то аз он, ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам дар бахшҳое мулкӣ баҳрабардорӣ шавад.

Ба навиштаи "The Guardian", гуфтугӯ бо Толибон метавонад аз тариқи каналҳои зайл сурат бигирад:

Аввал, раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, ки хоҳони дипломатияи мустақим бо мухолифони худ буда возеҳан дар мавриди дидорҳояш сухан мегӯяд, вале вай аз анҷоми муомилоти сиёсӣ дар муқобили пул иҷтиноб варзидааст.

Ба гуфтаи "The Guardian", Толибон пули вайро гирифтаанд вале болои вай эътимод надоранд ва ба ин назаранд, ки оқои Карзай на мехоҳад ва на ҳам метавонад ба як тавофуқи сулҳ даст ёбад.

Дуввум, Шӯрои олии сулҳ бо ҳафтод узви он, ки шомили чандин шӯришии собиқ аст, вале раҳбарии онро Бурҳониддин Раббонӣ, аз мухолифини сарсахти Толибон ба ӯҳда дорад. Шояд ба ҳамин далел, теъдоде ҳузури оқои Раббониро дар ин Шӯро ҳамчун монеа барои сулҳ талаққӣ мекунанд. Вале бо он ҳам, дипломатҳои ғарбӣ ба ин назаранд, ки барои дастёбӣ ба як сулҳи доимӣ, Толибон билохира маҷбур ба оштӣ ба мухолифин хоҳанд шуд.

Саввум, шабакаи Ҳаққонӣ, ки як гурӯҳи нима мустақили Толибон аст ва дар Вазиристони Шимолӣ фаъолият дорад. Гурӯҳи Ҳаққонӣ аз дербоз ба ин сӯ ба ҳайси як гурӯҳи тундрав ва бо идеологияи ҷиҳоди ҷаҳонӣ талаққӣ шудааст, вале ин гурӯҳ ахиран музокиротро бо мақомоти афғон анҷом дода ва ҳам тамосҳои ғайри мустақим бо Амрико доштааст.

Ба навиштаи "The Guardian", гурӯҳи Ҳаққонӣ шояд дар ҳар тавофуқ, ки сурат бигирад, саҳмдор бошад, вале дар ҷойгоҳе нест, ки нақши раҳбариро дар расидан ба чунин як тавофуқ дошта бошад. Махсусан агар раҳбари аслии шабака, яъне Ҷалолуддин Ҳаққонӣ қабл аз расидан ба як тавофуқи сулҳ, вафот кунад.

Чаҳорум, Покистон, идораи истихбороти Покистон ё ISA аз дербоз ба ин сӯ шӯришиёни афғонро ҳимоят намуда ва ҳоло бо онҳо робитаи дугона доранд. Ҳукумати Покистон гуфтааст ин кишвар мехоҳад нақши асосиро дар расидан ба як тавофуқ бо Толибон дошта бошад, вале дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд то ҳол кадом дахолати мусбатро аз сӯи Покистон дар ин замина надидаанд.

Рӯзномаи "The Guardian" аз нақши Арабистони Саъудӣ, муҷоҳидони собиқ ва баъзе шахсиятҳои саъудӣ, музокирот дар ҷазираи шарқи Ҳинд ва Молдив, Абу Заби ва Маркази HD ҳам ном бурдааст, ки метавонанд каналҳои хуб барои барқарории тамос бо Толибон бошанд.

Маркази HD як созмони мустақили музокироти башарӣ аст, ки мақари он дар Суис мебошад. Ин марказ аз талошҳои сулҳи чанд кишвари африқоӣ ва Филиппин таҷриба дорад.
XS
SM
MD
LG