Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таниш дар Лубнонро Сурияву Эрон аланга медиҳанд"


Амрико Сурияву Эронро ба аланга додани танишҳо дар Лубнон тавассути таъмини силоҳ ва роҳҳои дигари ҳимоят аз шибҳанизомиёни Ҳизбуллоҳ айбдор кард. Вошингтон ин иқдомотро муноқиз бо қатъномаҳои СММ медонад.
Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, Сурия ва Эрон дар пайи “тахриби истиқлоли Лубнон ва ба ҳам задани субот” дар ин кишвари Ховари Миёна мебошанд. Хонум Райс бахусус аз Сурия интиқоди шадид кард ва гуфт, Димишқ нисбат ба истиқлоли Лубнон як “сӯъиэҳтироми мудҳиш” намоиш медиҳад.
Изҳороти сафири Амрико дар ҳоле садо дод, ки Шӯрои Амнияти СММ танишҳои тоза дар Лубнон ва ҳамлаи рӯзи чоршанбе ба муфаттишони Милали Муттаҳидро баҳс мекард.
XS
SM
MD
LG