Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград барои боздошти Младич 14 миллион $ медиҳад


Давлати Сербистон маблағи ҷоиза барои боздошти генерал Радко Младичро якбора 10 маротиба боло бурда, ба 14 миллион доллар расонд. Додгоҳи ҷиноёти ҷанги СММ дар Ҳейг ин фармондеҳи нирӯҳои сербҳои Буснӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияи собиқро аз ҷумла ба даст доштан дар қатли омми то 8000 сокини мусалмони шаҳраки Сребренитса дар соли 1995 айбдор мекунад. Белград барои боздошти фармондеҳи чирикиҳои серби Хорватия Горан Ҳаҷич, ки ба ҷиноёти алайҳи башар дар солҳои ҷанги истиқлолхоҳии Хорватия айбдор мешавад, низ 1 миллион доллар ҷоиза таъйин кард. Маблағи ин ҷоиза қаблан баробари 350 000 доллар буд.
Бовар меравад, ки ҳарду фармондеҳи собиқ дар қаламрави Сербистон паноҳ мебаранд. Ба додгоҳ супурдани ҷинояткорони ҷанг як шарти аслии пешрафт дар баррасии номзадии Сербистон ба узвият дар ИА дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG