Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти ахир дар Чоркӯҳи Исфара


Бино ба иттилои шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исфара, дар натиҷаи амалиёти вижа, як норинҷаке, ки дар дасти яке аз ҷангиёни кушташуда нотаркида буд, хунсо карда шуд. Кормандони умури дохила аз масофаи дур норинҷакро тарконданд ва бо ин, норинҷак безарар гардонида шуд.

Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исфара иттило медиҳад, ки дар ҷараёни амалиёт зидди ҷангҷӯён, 10 манзили маскуни комилан оташ гирифта қобили зист нестанд.Ин ҳодисаҳо дар гузари Таги Садаи ҷамоати Чоркӯҳ рӯх додааст.

Ҷамоати Чоркӯҳ тасмим гирифтааст, ки дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа бо баргузории як ҷаласа, вазъи ба миён омадаро баррасӣ кунад.

Ҷасади ду ҷангиро берун оварданд

Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, ин афрод марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон бошанд. Ӯ мегӯяд, аз 3 ҷангии дирӯз дар ҷараёни амалиёт дар рустои Чоркӯҳ кушташуда то ин соат 2 ҷасадро берун овардаанд, вале як кушта ҳанӯз зери овори манзили ҳамлашуда боқӣ мемонад.

Мақомоти ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, аз 3 ҷангии дирӯз дар ҷараёни амалиёти мақомоти амниятӣ дар рустои Чоркӯҳ кушташуда то ин соат 2 ҷасадро берун овардаанд, вале як кушта ҳамчунон зери овори манзили ҳадафи ҳамла қароргирифта боқӣ мемонад. Дирӯз дар ҷараёни амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомии ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон дар рустои Чоркӯҳ дастикам 3 ҷангӣ куштаву яке боздошт шуда, 2 тани дигар фирор кардаанд.



Як ҳафта пеш дар як задухӯрди дигар дар минтақаи Чилдухтарони Исфара 2 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон кушта шуданд.

Амалиёте, ки ба задухӯрд анҷом ёфт

Амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон дар ҳудуди рустои Чоркӯҳ ба задухӯрд бо як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ мунҷар шуд. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар мусоҳиба бо ҳамкори мо Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз поёни амалиёти муштараки нирӯҳои интизомӣ дар ин минтақа хабар дод.

Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, амалиёт дар ин минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон алакай анҷом ёфта, дастикам 3 тан аз силоҳбадастон кушта шудаанд. Ба гуфтаи оқои Олимов, 2 узви дигари ин гурӯҳи мусаллаҳ фирор кардааст, вале ба сурати умум вазъ дар ҷамоати Чоркӯҳ батадриҷ ба ҳолати оддиаш бармегардад.

Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ба маълумоти онҳо, ин гурӯҳи мусаллаҳ аз 5 нафар иборат буда, ба он аз ҷумла 3 сокини Исфара ва як шаҳрванди Қирғизистони ҳамсоя шомил будаанд. Ба гуфтаи раиси Чоркӯҳ, ин афрод 2 рӯз боз дар манзили яке аз сокинони рустои Чоркӯҳ ба сар мебурданд ва вақте мақомот ин манзилро иҳота гирифта, аз онҳо тақозо карданд, ки таслим шаванд, силоҳбадастон ин пешниҳодро напазируфтанд ва дар боми ин манзил камин гирифта, ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ карданд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар вилояти бо Чоркӯҳи Исфара ҳаммарзи Бодканди Қирғизистон гуфтааст, рӯзи панҷшанбе аз он сӯи марз дар тӯли чанд соати садои баланди тирпарронӣ меомад.

"Секунҷаи исломӣ"-и водии Фарғона

Исфара, воқеъ дар тақрибан 100-километрии шарқи Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва 450-километрии шимолу шарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо ҳудуди 130 000 ҷамъияташ аз ноҳияҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи вилояти Суғд ба шумор меояд. Вале ин минтақа бо нуфузи нисбат ба навоҳии дигари ин вилоят баландтари дин дар ҳаёти ҷомиааш ҳам фарқ мекунад. Таҳлилгарони умури минтақа ноҳияи Исфараро, ки дар марз бо Узбакистону Қирғизистон ҷойгир шудааст, як бахши муҳими ба истилоҳ “секунҷаи исломӣ”-и водии Фарғона мешуморанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ноҳияи Исфара қариб 4500 узв дорад. Аммо афроде ҳам дар ин минтақа кам нест, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мазҳабии манъшуда, аз ҷумла бо Ҳаракати исломии Узбакистон, муттаҳам мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон ахиран хабар доданд, ки дастикам 40 сокини Исфара бо бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, таҳти таъқиб қарор доранд. Бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломӣ ё созмонҳои дигари тундраве, чун “Байъат”, дар солҳои охир даҳҳо сокини Исфара боздошт шудаву мақомот дар ин авохир чандин бор бо мухолифини мусаллаҳи давлат дар Исфара вориди задухӯрд ҳам шудаанд.

Задухӯрди ахир дар Чоркӯҳ, ки ба гуфтаи раиси ин ҷамоат Неъмат Олимов, 3 ҷангиро кушта ба ҷо гузошт, танҳо охирин намунаи он рӯёрӯиҳоест, ки дар ноҳияи Исфара тақрибан як даҳсола ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG