Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар эъломи натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон


Мақомоти интихоботии Қирғизистон мегӯянд, “як силсила иштибоҳҳо” монеъи эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ шудааст. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Оқилбек Сариев, раиси Кумиссиёни марказии интихоботи Қирғизистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, “ин кумиссиён бояд хатоҳои аъзои ҳавзаҳои маҳаллиро ислоҳ кунад ва мо саъй дорем, то ин корро зудтар ба анҷом расонем”. Аммо натиҷаҳо имрӯз ё пагоҳ эълом нахоҳад шуд. Аммо тарафдорони ҳизби миллатгарои “Отаҷурт”, ки дар интихобот аксари раъйҳоро соҳиб шуд, хостаанд натиҷаҳои ниҳоӣ ҳарчӣ зудтар нашр шавад.
XS
SM
MD
LG