Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офатҳои табии Индонезия 375 нафарро куштааст


Теъдоди қурбониёни сунамӣ ва вулқон дар Индонезия то ба 375 нафар расидааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари заминларза ва сунамии баъди он марги дасти кам 342 нафар собит шудааст ва сарнавишти 400 нафари дигар номаълум мемонад. Заминларзаи қавии ҳафтуним дараҷаӣ дар ҷазираҳои дурдасти Ментавии Индонезия, сунамиеро дар пай дошт, ки чандин рустоҳои наздисоҳилиро шуста бурд. Айни замон қурбониёни оташфишони фаъол дар кӯҳи Мерапӣ дар 1300 километрии маҳали сунамӣ ба 33 нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG