Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамалоти терорристӣ дар Қафқози Русия


Муовини додситони кулли Русия мегӯяд, теъдоди ҷиноятҳо дар заминаи ифротгароӣ дар Қафқози шимолӣ имсол назар ба соли гузашта чаҳор маротиба афзудааст. Иван Сидорюк дар нишасти як кумитаи палатаи болоии порлумони Русия гуфт, сар аз соли равон то кунун дар Қафқози шимолӣ бар асари 13 ҳамлаи террористӣ 205 нафар кушта шудаанд. Ӯ афзуд, ҳамлаҳо дар манотиқе рух додаанд, ки дар гузашта ором буданд. Ба қавли Иван Сидорюк тайи даҳ моҳи гузашта нерӯҳои амниятии Русия дар Қафқози шимолӣ 400 ситезаҷӯро кушта ва аз 50 ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG