Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гумонбар ба таҳияи ҳамла ба метрои Вошингтон


Пулиси Амрико як марди покистонитабори амрикоиро бо гумони таҳияи ҳамлаҳо ба истгоҳҳои метрои дохилу ҳошияи шаҳри Вошингтон дастгир кардааст. Девид Крис, ёвари додситони кулл дар масоили амнияти миллӣ ба хабарнигорон гуфт, Форуқ Аҳмади 34-сола, ки дар аёлати бо Вошингтон ҳаммарзи Вирҷиния ба сар мебурд, ба он гумонбар мешавад, ки аз моҳи апрел ба ин тараф ба хотири таҳияи ҳамалоти ҳамзамон истгоҳҳои метроро дар ин минтақа меомӯхт ва аксбардорӣ мекард. Кохи Сафед гуфт, мардуми Амрико набояд аз ин сӯъиқасд эҳсоси хатар кунанд. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, мақомоти додситонӣ, FBI ва амнияти миллӣ “аз оғоз дар ҷараёни ин қазия қарор доштанд.”
XS
SM
MD
LG