Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, арманиҳо ва озариҳо ба тавофуқи усулӣ мерасанд


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, вай умедвор аст, ки Озарбойҷону Арманистон дар музокироти сулҳ роҷеъ ба масъалаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар авоили моҳи декабр ба тавофуқоти усулӣ хоҳанд расид. Медведев ин нуктаро баъд аз раёсаташ дар музокироти сулҳи Серж Саркисян ва Илҳом Алиев-руасои ҷамоҳири Арманистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Астрахани Русия изҳор дошт. Дар остонаи ин музокирот Арманистон нируҳои Озарбойҷонро муттаҳам кард, ки онҳо барои ба ҳам задани раванди музокирот як сарбози арманитаборро куштаанд. Дар як изҳорот вазорати дифои Арманистон гуфт, ин сарбозро нируҳои Озарбойҷон дар имтидоди марз бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ ҳадафи тир қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG