Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамадановский бо Э. Раҳмон мулоқот кард


Константин Рамадановский-раиси Хадамоти муҳоҷиратии Русия гуфтааст, дар масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сӯи тафоҳум вуҷуд надорад. Вай ин нуктаро имрӯз дар шаҳри Душанбе баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Вай афзуд:

"Мо масъалаи таълими кадрҳоро барои кор дар хориҷа, масъалаи омӯзиши забони русӣ, масъалаи таълими кормандони касбиро баррасӣ кардем. Ин тарафҳои муҳим ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Русия аст".

Ба гуфтаи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз миёнравии баъзе созмонҳои ғайридавлатии Русия, ки ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия поймол мекунанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Оқои Раҳмон гуфтааст, аз нақзи қарордоди дуҷонибаи миёни ду кишвар дар бораи муҳоҷирати корӣ, ки соли 2004 имзо шуда буд, норозист, зеро тибқи ин қарордод бояд муҳоҷирони корӣ як дафъа дар яке аз ин ду кишвар аз санҷиши тиббӣ бигзаранд. Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ, аслан дар Русия кор мекунанд, аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ 1-миллиарду 665 миллион доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки 42 дарсади даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG