Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз музокироти сулҳи Арманҳову Озариҳо оғоз мешавад


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия мизбони музокироти Серж Саркисян ва Илҳом Алиев-руасои ҷамоҳири Арманистон ва Озарбойҷон хоҳад буд. Ин музокирот дар шаҳри Астрахани Русия баргузор ва дар он масъалаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳистонӣ баррасӣ мешавад. Дар остонаи ин музокирот Арманистон нируҳои Озарбойҷонро муттаҳам кард, ки онҳо барои ба ҳам задани раванди музокирот як сарбози арманитаборро куштаанд. Дар як изҳорот вазорати дифои Арманистон гуфтаст, ин сарбозро нируҳои Озарбойҷон дар имтидоди марз бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ ҳадафи тир қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG