Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Федотов аз тазоҳуроти мухолифин дар Маскав


Михаил Федотов, раҳбари Шӯрои ҳуқуқи башари раёсатҷумҳурии Русия гуфт, шаҳрдории Маскав бояд ба нишони ҳимоят аз ҳаққи мардум ба гирдиҳамоӣ ба тазоҳуроти мухолифин иҷозат диҳад. Федотов ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 31 октябр худ мехоҳад ба майдони Ғалаба омада, ҷараёни тазоҳуроти Ҷунбиши “Стротежии 31-ум”-ро мустақиман назорра кунад.
Ахиран шаҳрдории Маскав ба гирдиҳамоии то 800 эътирозгар дар майдони Ғалаба иҷозат дод. Мухолифини Русия бо ишора ба банди 31-уми Қонуни асосӣ, ки ҳаққи мардум ба гирдиҳамоиро замонат медиҳад, ҳар рӯзи 31-ум ташкили намоишҳои эътирозӣ мекунанд. Вале дар аҳди Юрий Лужков шаҳрдории Маскав ба ин намоишҳо иҷозат намедод ва нирӯҳои пулис тазоҳургаронро зӯран пароканда мекарданд.
XS
SM
MD
LG