"Бомби соатӣ"
Донишмандони тоҷик қасд доранд, роҳҳои густариш ва ҷилавгирӣ аз бемории вабо дар Тоҷикистонро таҳқиқ кунанд. Дар ин замина Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ тарҳеро таҳия кардааст ва мегӯяд, дар сурати таҳқиқ нашудани манобеъи ангезандаҳои беморӣ ва адами ташхиси зуд ва муносиб бемории вабо метавонад барои Тоҷикистон мисли “бомби соатӣ” шавад. Агарчӣ солҳои ахир мавориди гирифторӣ ба ин бемории кушанда сабт нашудааст, аммо соли 1993 дар 7 ноҳияи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор 175 мавриди сирояти вабо мушоҳида шуд.
Нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ
Давлати Амрико тарҳи бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобиеро тасвиб кардааст, ки аз навъи худ бузургтарин дар ҷаҳон хоҳанд шуд. Бар асоси ин тарҳ қарор аст, дар маҳалли офтобие дар шарқи Лос-Анҷелес нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори 1000 мегават сохта шавад, ки барои таъмини 750 ҳазор хонаи миёнаҳоли амрикоӣ кофист. Арзиши ҳар яке аз нерӯгоҳҳо 1 миллиард доллар ва қудраташон ба қудрати як нерӯгоҳи барқи атомӣ баробар будааст.
Анҷумани фанновариҳои мухобиротӣ
Дар Душанбе анҷумани байналмилалие ифтитоҳ ёфт, ки дар он ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрон масоили истифода аз фанновариҳои навини мухобиротиро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи баргузоркунандагонаш ҳадафи ин анҷуман, тарғиби истифодаи фанновариҳои навин дар арсаҳои беҳдошт, маориф ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ аст.
Сабаби заминларзаи Ҳаитӣ
Сарчашмаи заминларзае, ки пойтахти Ҳаитиро вайрон кард ва бештар аз 300 ҳазор нафарро кушт, рахнае будааст, ки донишмандон намедонистанд. Ҳоло фишори табиӣ ба ин рахна меафзояд, ки ба истилоҳ муқаддима барои заминларзаҳои қавист. Дар ду пажӯҳише, ки дар маҷаллаи илмии Нейча Геосайенс нашр шудаанд, омадааст, ангезандаи заминларзаи Ҳаитӣ на манбаъе будааст, ки то ҳол мепиндоштанд ва бинобар рахнаи зеризаминии таҳти фишор хатари такрори зилзила вуҷуд дорад.
Фулузоти ҳиндӣ барои Ҷопон
Ҳинд гуфтааст, ки Ҷопонро ба таври муназзам бо фулуззоти нодир лозим барои тавлиди абзорҳои электронии пешрафта таъмин хоҳад кард. Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки фурӯшандаи аслии фулузоти нодири ҷаҳон аст, тайи чанд моҳи ахир содироти ин навъи фулуззот ба Ҷопонро кам кардааст. Давлати Ҷопон мегӯяд, дар сурати идомаи воридоти кам аз Чин захираҳои фулуззоти нодири ширкатҳои электрониаш то баҳори имсол тамом мешавад.
Хатари қанд ба Амрико
Як маркази беҳдоштии Амрико мегӯяд, дар сурати тағйир надодани рафторашон, сеяки афроди калонсоли кишвар то соли 2050 бемории қанд хоҳанд дошт. Дар Иёлоти Муттаҳида вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ як мушкили умда аст ва маркази назорат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои Амрико мегӯяд, агар ин раванд идома кунад, теъдоди мубталоёни бемории қанд хоҳад афзуд. Ба гуфтаи марказ ягона роҳи монеъ шудан ба тавсиаи бемории қанд варзиши бештар ва коҳиши вазни зиёдатӣ дар байни мардум аст.