Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Фаронса коҳиш ёфтаанд


Мақомоти Фаронса изҳор намуданд, ки эътирозҳои оммавӣ алайҳи ислоҳоти бознишастагӣ коҳиш ёфтаанд. Эътирозҳо ва коршиканиҳо алайҳи аз 60 то 62-солагӣ боло бурдани синни бознишастагӣ чанд ҳафта боз идома доранд.
Имрӯз дар маҷмӯъ 5 корхонаи коркарди нафт дубора фаъол шуд. Тайи чанд рӯзи ахир коргарони 12 корхона даст ба коршиканӣ зада буданд. Брис Ортфе, вазири умури дохилии Фаронса гуфт, ки рӯзҳои наздик мушкили таъмини бунгоҳҳои фурӯши маводи сӯхт бо бензин рафъ хоҳад шуд.
Аз ин пеш иттиҳодияҳои синфии Фаронса эълом доштанд, ки боз ду бори дигар – 28 октябр ва 1 ноябр намоишҳои эътирозӣ дар сартосари кишварро доир хоҳанд кард.
Рӯзи чаҳоршанбе ҳарду палатаи парлумони Фаронса бояд қонун дар бораи ислоҳоти бознишастагиро баррасӣ ва тасвиб кунанд. Сипас қонун барои имзо ба раисиҷумҳур Николя Саркозӣ ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG