Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳаммаслаки Саддом Ҳусейн ба марг маҳкум шуданд


Додгоҳи Ироқ се мансабдори аршади замони қудрати Саддом Ҳусейнро ба эъдом аз тариқи овехтан ба дор маҳкум намуд. Маъруфтарини онҳо Тариқ Азиз, собиқ вазири умури хориҷӣ ва муовини сарвазир дар ҳукумати пешини Ироқ, дар таъқиби мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла, аҳзоби шиамазҳабҳо айбдор шудааст. Аз ин пеш Тариқ Азиз бар пояи дигар иттиҳом ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Додгоҳ Саъудин Шокир, собиқ вазири умури дохилӣ ва Обид Ҳамуд. ёвари Саддомро ҳам ба марг аз тариқи ҳалқовезӣ маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ баъди пазируфта шуданаш аз сӯи Шӯрои президентии Ироқ иҷро хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG