Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се ҷангҷӯи дигар дар дараи Камароб


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани 3 нафар ва захмӣ шудани 1 ҷангҷӯи дигари гурӯҳи мусаллаҳ дар дараи Камароб иттилоъ дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба радио Озодӣ гуфт, ин афрод дар ҷараёни як амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов дар дараи Камароб ба ҳалокат расидаанд. Нафари маҷрӯҳшуда дастгир шудааст. Ҳуввияти ин афрод ҳоло таҳқиқ мешавад.

Ба гуфтаи сӯхангӯи вазорати умури дохилӣ, аз ин гурӯҳи мусаллаҳ миқдори зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, азҷумла автомат ва пулемёти Калашников, туфангчаҳои Макаров, норинҷакҳо ва тирҳо пайдо ва мусодира шудааст.



Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, амалиёти низомӣ дар дараи Камароб ҳоло идома дорад.

Ин дуввумин амалиёти муваффақи нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар дараи Камароб тайи як ҳафтаи ахир аст. Якчанд рӯз қабл мақомоти умури дохилӣ аз ҳалокати як тан аз ҷангиён ва дастгир шудани як тани онҳо хабар дода буд.

Вазорати умури дохилӣ ҳуввияти ин афродро низ эълон кард, ки Раҳимов Зиёмаҳмад, сокини 22-солаи ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, Ҷамшед Роибов, сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамшед Носиров, зодаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт ва Ҳайдар Бобоев, сокини шаҳри Исфара, аз ҷумлаи онҳо буданд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки гурӯҳои Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов дар Сиёҳҷангал, мавзеи баландкӯҳи байни Камароб ва Мастчоҳи Куҳӣ дар ҷойҳои анбуҳи ҷангалистон мақар интихоб кардаанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки таи чанд муддат аст, ки ин гурӯҳҳо дар муҳосираи нерӯҳои қудратӣ қарор доранд, вале дар амри саркӯб кардани онҳо муваффақ нашудаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ахиран гуфт, ки амалиёти нерӯҳои қудратӣ имкон дорад, то даҳ рӯзи дигар идома пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG