Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон-Урдун 1:1


Нахустин бозии тими Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд бо тими Урдун бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 63-юм футболбози тоҷик Толибҷон Султонов боз кард, вале баъди чанде Лайс Баставӣ тавонист ҳисобро баробар кунад. Дар бозии дигари гурӯҳи А тими Узбакистон бар Индонезия бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 ғолиб омад ва феълан бо 3 хол дар мақоми аввал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG