Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои "Мушорикат-2010" дар Чебаркӯл оғоз меёбад


Имрӯз бо ширкати беш аз 1700 сарбоз ва 270 василаи нақлиёти низомӣ дар тамрингоҳи низомии Чебаркӯл дар вилояти Челябински Русия машқҳои нирӯҳои зудамали муштараки Паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони “Мушорикат-2010” шурӯъ мешавад. Владимир Зайниддинов, сухангӯи Паймони амнияти дастаҷамъӣ хунсо кардани низоъи мусаллаҳона дар яке аз кишварҳои узви ин созмони низомиро ҳадафи аслии машқҳои кунунӣ ном бурдааст.
Дар ин машқҳо воҳидҳои низомӣ аз 5 кишвари узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат меварзанд. Бино ба хабарҳо, Тоҷикистонро дар машқҳои Чебаркӯл як ротаи десантиву таҳоҷумӣ намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG