Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбакистон масъалаи Роғунро баррасӣ кардаанд


Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон мегӯяд, дар ҷараёни мулоқоти ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо бо мақомоти расмии он кишвар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст. Вазорат бо нашри баёнияе дар рӯзи шанбе гуфт, Пйер Моррел, раҳбари ҳайъат ва фиристодаи хоси Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар мулоқот дар шаҳри Тошканд ба аҳамияти анҷоми арзёбии таъсироти эҳтимолии нерӯгоҳи Роғун ба муҳити зисти минтақа таъкид кардааст, ки ин арзёбӣ бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ анҷом мешавад. Давлати Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди обанбор барои Роғун оби кофӣ барои киштзорҳои васеъаш нахоҳад ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва гуфтааст, ҳамсоягонашро беоб нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG