Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони раиси ҳизби миллатгарои Қирғизистон?


Раиси як ҳизби миллатгарои Қирғизистон мегӯяд, дар як сӯиқасди нерӯҳои амниятӣ ба ҷонаш захмӣ шудааст. Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек сухан гуфт. Ӯ афзуд, мардони мусаллаҳ рӯзи якшанбе ба хонаи ӯ ворид шудаанд, аммо муҳофизонаш монеъи онҳо шуданд. Қамчибек Тошиев мегӯяд, муҳофизонаш таппончаҳои ҳамлаварон, аз ҷумла санади яке аз онҳоро гирифтанд, ки узви Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон будааст. Ӯ маъмурони ҳамин кумитаро ба ҳамла муттаҳам кард. Аммо Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ба ин ҳамла ҳеҷ рабте надорад.
XS
SM
MD
LG