Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи чаҳор бомбгузор ба қароргоҳи СММ дар Ҳирот


Мақомоти пулиси Афғонистон гуфтанд, ки чаҳор бомбгузори интиҳорӣ имрӯз ба қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ҳирот ҳамла карданд. Касе аз кормандони созмон дар ҳодиса осеб надидааст. Муҳаммад Довуд муовини сардори пулиси Ҳирот гуфт, як бомбгузори интиҳорӣ, мошини бомбгузоришудаашро дар назди дарвозаи қароргоҳи Созмони Милал мунфаҷир кард ва се нафари дигарашон хостанд ба онҷо ворид шаванд, аммо аз тири посбонони афғон ба ҳалокат расиданд. Ӯ афзуд, ки ҳамаи онҳо чодури занон ба сар карда буданд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG