Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вабо дар Ҳаитӣ бештар аз 200 нафарро куштааст


Мақомоти Ҳаитӣ мегӯянд, бар асари хуруҷи бемории вабо дар манотиқи марказии кишвар 200 нафар ҳалок шудаанд. Бештар аз ду ҳазору шашсад нафарро бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ кардаанд, ки ин беморӣ оби бадани беморро дар муддати кӯтоҳе хушк карда ва дар чанд соат ӯро мекушад. Агарчӣ ягон мавриди вабо дар пойтахти Ҳаитӣ шаҳри Порто Принс сабт нашудааст, вале нигаронӣ вуҷуд дорад, ки вабо метавонад, ба зудӣ дар ӯрдугоҳҳои пуродами осебдидагони заминларза паҳн шаванд. Заминларзаи моҳи январ дар Ҳаитӣ 220 ҳазор нафарро кушт ва якуним миллион нафарро бесарпаноҳ гузошт.
XS
SM
MD
LG