Ба гуфтаи вай, 3-4 растаи бозор, ки умдатан дӯконҳои фурӯши либосворӣ, маводи озуқа, атриёт ва пойафзол будаанд, ба таври комил сӯхтаанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, воҳидҳои сӯхторнишонӣ дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса дида мешаванд ва сӯхторро фурӯ нишондаанд. Вай афзуд, ки хушбахтона ин ҳодиса бидуни кадом қурбонии ҷонӣ тамом шудааст.
Акнун дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ ба кор шурӯъ кардааст, ки бояд илали оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисороти ворида ба тоҷирони бозор дар асари ин ҳодисаро муайян кунад. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест.
Оташсӯзӣ дар бозори Фархор ҳодисаи аввали ба коми оташ фурӯ рафтани бозору фурӯшгоҳҳо дар Тоҷикистон нест. Қаблан бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» ва бозорҳои “Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд.