Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар натиҷагирии шумориши аҳолӣ


Бо гузашти беш аз 20 рӯз аз анҷоми маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва бунёди манзил дар Тоҷикистон Оҷонси омор мегӯяд, асноди нуфусшуморӣ танҳо дар се ноҳияи шаҳри Душанбе — Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур такмил шудаанд.

Бахтия Муҳаммадиева, раиси ин ниҳод дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар боқӣ навоҳиву вилоятҳо марҳалаи такмили аснод идома дорад: «Ҳар вақте ки онҳо созишномаро иҷро кунанд, ноҳия ба ноҳия, қитъа ба қитъа. Пас аз ин ба сарварони омори вилоёту навоҳии Суғду Хатлон ва Бадахшон маблағ пардохт карда мешавад».

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон, ки ҳар даҳ сол баргузор мешавад, имсол аз 20 то 30 сентябр гузашт. Дар натиҷаи ин маърака омори ҷадиди саршумори аҳолӣ, марду зан, дороиҳои мардум, теъдоди ақаллиятҳои миллӣ ва шароити манзилии сокинони кишвар ба даст меояд. Аммо мақомоти Оҷонси омор мегӯянд, дар ин маърака ба мушкили адами таваҷҷӯҳи мардум ба ҳамкорӣ низ дучор шудаанд.

"На ҳама дарро мекушоянд"

Бахтия Муҳаммадиева гуфт: «На ҳама дарро мекушоянд, на ҳама истиқбол мекунанд. Ҳақорат ҳам мешунавем. Дарро ба рӯямон ҳам мепӯшанд. Умуман, бо Шумо гап намезананд. Ин хел ҳолатҳо зиёд буд. Аммо аз тарафи мардум чӣ шуд, мо ба ҳама намегӯем — ку? Аммо ягонтои мо хато кунем, дар ҳама ҷо овоза мешавад».

Раиси Оҷонси омор гуфт, шахсан ду нафар аз ҳисобчиёнро дар шаҳри Душанбе барои бемасъулиятӣ аз вазифа сабукдӯш кардааст ва ин гуна муҷозот дар дигар шаҳру навоҳӣ низ ҷой доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Машраби Холмуҳаммад, як сокини Душанбе мегӯяд, ба ҳангоми маърака аслан касе аз масъулини маърака дари ӯро накӯфтааст: «Дар биное, ки мо зиндагӣ мекунем, дар маркази шаҳр, дар рӯбарӯи Кохи Борбад, ягон ҳисобчӣ наомад. Як ҳамкорам ҳам дар гардиши фурудгоҳ зиндагӣ мекунад ва баъд аз кашмакашҳо ҳисобчиҳо ба хонааш омаданд».

Дар ҳамин ҳол, Саидмурод Зайниддинов, сарвари Сарраёсати омори шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пойтахт ягон хона намондааст, ки ҳисобчиён нарафта бошанд, аммо ҳолатҳои истисноӣ низ буданд: «Даҳбораҳо ба хонаашон рафтем, дарро накушоданд. Нашуд, бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рафтем».

Шубҳа аз дақиқии омори нав

Масъулин мегӯянд, натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки 27 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар сармоягузорӣ шуд, 5 ноябр эълон хоҳанд шуд, аммо коршиносон мегӯянд, ба сабаби камтаваҷҷӯҳии мардум, бемасъулиятии ҳисобчиҳо ва авомили дигар, аз қабили муҳоҷиратҳои дохиливу хориҷӣ омор дақиқ нахоҳад буд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, барои он ки як ҳисобчӣ омори дақиқ ҷамъ кунад, аз лиҳози фаннӣ бояд муҷаҳҳаз бошад: «Техника надорад, на мошин дорад, на аспу на хар. Онҳо дар ин ҳол чӣ гуна маълумот ҷамъ меоранд? Барои ҳамин арқоме, ки пешниҳод мекунанд, дар аксар маворид тахминиянд ва мекӯшанд арқоми хуб нишон диҳанд».

Коршиносон ҳамчунин омори Оҷонси мазкур дар мавриди болоравии нархҳо ва тавваррумро баҳсангез унвон мекунанд. Тибқи иттилоъи Оҷонси омор, тайи нӯҳ моҳи соли равон таруфаи хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, аз 7,5 ба 76, 9 дарсад боло рафтааст, аммо ҳисоби миёна 5,3 дарсад гуфта мешавад. Ҳамчунин нархи маводи ғизоъ аз 6 дарсад то ду баробар афзудааст. Аммо таваррум — беқурбшавии пули миллӣ ҳудуди 5 дарсадро ташкил додааст.

Барот Тӯраев, сардори раёсати нарх, таруфа ва таварруми Оҷонси омор мегӯяд, арқоме, ки пешниҳод шудаанд расмӣ ва воқеӣ ҳастанд: «Барои ҳисоб кардани таваррум нархи ҳудуди ҳазор номгӯи маҳсулот ба назар гирифта мешавад. Хӯрока, ки 300 намуд аст ва бақияаш ғайрихӯрока ва хизмати пулакӣ. Фисадии ин ҳама ба ҳисоб гирифта, пас таваррум маълум карда мешавад».

Омори ғайривоқеӣ?

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, агар омори Тоҷикистон ҳамчун воқеият пазируфта шавад, пас мардуми ин кишвар дар яке аз кишварҳои мутараққӣ ба сар мебаранд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, аммо воқеият ин нест ва омор ҳам воқеӣ нест, зеро он мақомоте, ки ба омор маълумот медиҳанд, онҳо иттилоъро нодуруст пешниҳод мекунанд: «Баъзан ба арқоме, ки дар маҷиӯаҳои омории кишвар оварда мешаванд, нигоҳ кунед, мутахассис мефаҳмад, ки ин арқом аз ҳавои тоза гирифта шудаанд».

Омори Тоҷикистон ҳамчунин аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифта буд. Дар як ҷаласа вай гуфт, ҳазорҳо тон картошка дар ҳисоботҳо оварда мешавад, аммо мардуми кишвар картошкаи Покистон мехӯранд.
XS
SM
MD
LG