Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковскийро бештар гунаҳгор медонанд


Додситонҳои Русия аз додгоҳи Хамовниченски дархост кардаанд, ки ба 14 сол ҳукми зиндони Михаил Ходорковский-раиси пешини ширкати "Юкос" ва ба ҳамкори вай Платон Лебедев мухолифат кунанд. Ин ду нафар акнун 8 солро барои пардохт накардани молиёт дар зиндон гузарондаанд. Вале онҳо ҳоло барои шустушӯи 27 миллиард доллар аз ҳисоби даромади нефт гунаҳгор дониста мешаванд. Барои додгоҳ чанд ҳафта вақт зарур аст, то ҳукми худро содир кунад.
XS
SM
MD
LG