Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорон аз президент озодии матбуотро мехоҳанд


Имрӯз рӯзноманигорони Тоҷикистон ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатномае ирсол доштанд. Дар он омадааст: "Мо, журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазъи ба вуқўъомада дар муҳити иттилоотии кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба Шумо, - ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳуқуқ барои фаъолияти касбии кормандони васоити ахбори омма, муроҷиат менамоем". Зафар Абдуллоев-раиси "Медиа Алянс" ва муассиси хабаргузории "Авеста" дар ин бора гуфт:

"Мо аз президент ҳамчун кафили Қонуни Асосии кишвар хостем, ки ин масъаларо биомӯзад ва сатҳи пешини озодии сухан ва озодии фаъолияти рӯзноанигоронро барқарор кунад".

Дар муроҷиатнома омадааст, аз 29-уми сентябри соли ҷорӣ, дастрасӣ ба ду расонаи интернетии дохилӣ, яъне www.avesta.tj ва www.tojnews.tj ба таври ѓайриқонунӣ маҳдуд шуда, ҳамзамон, дар як қатор нашрияҳои мустақил ва чопхонаҳо, санҷиши мақомоти андоз оғоз гардид. Дар нимаи аввали моҳи октябр чопи се ҳафтаномаи мустақили «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» қатъ шудаст.
XS
SM
MD
LG