Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Рассвет дар саршумории Русия ширкат намекунанд?


Сокинони деҳаи Рассвети Бошқирдстони Русия бар зидди саршумори аҳолӣ дар Русия эътироз кардаанд. Ин деҳа тақрибан 1000 нафар нуфус дорад ва аз Уфа-маркази Бошқирдистон 200 километр дуртар воқеъ аст. Сокинони маҳаллӣ барои он даст ба эътироз задаанд, ки онҳо манбаи оби нӯшиданӣ надоштаанд. Сокинон гуфтаанд, мақомоти расмӣ ягона чашмаи оби ин деҳаро бастаанд ва гуфтаанд, ки нӯшидани об аз ин чашма хатарнок будааст. Зане аз сокинони ин деҳ мегӯяд:

"То замоне, ки ба ҳарфи мо гӯш надиҳанд, мо дар саршуморӣ ширкат нахоҳем кард. Бигзор бигӯянд, ки ин деҳи мурда аст. Ба назарам онҳо ҳаминро мехоҳанд".

Дар ин деҳа маркази хадамоти беҳдоштӣ вуҷуд надорад ва нақлиёти мусофирбар низ намегардад.
XS
SM
MD
LG