Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси "Кумитаи 29 сентябр" дар Душанбе


Tajikistan - Tajik newspapers, Dushanbe, 25Dec2008
Tajikistan - Tajik newspapers, Dushanbe, 25Dec2008

Имрӯз сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29 сентябр”-ро таъсис додаанд. Ҳадафи ин кумита барқарор кардани сатҳи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷшудаи матбуот гуфта мешавад.

Исми ин ниҳод – “Кумитаи 29 сентябр”- аз таърихи рӯзе гирифта шудааст, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru масдуд шуд. Ҳамин тавр, тайи 2 ҳафтаи охир 3 нашрияи мустақили чопи Душанбе – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмондааст.

Дар ҳамин ҳол Эдвард Ауэр, раҳбари намояндагии ИА дар Душанбе дар як нишасти хабарии бахшида ба баргузории Ҳафтаи Аврупо –2010 гуфтааст, мубориза бо падидаҳои мухталифи ифротӣ набояд ба ҳуқуқи башар ва озодии баён латма ворид кунад.

Ба навиштаи хабаргузорҳо, ин изҳороти ҷаноби Ауэр дар посух ба баёнияи вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев буд, ки дар пасманзари рӯйдодҳои Рашт, хабарнигорони тоҷикро ба ҳамовозӣ бо гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифи давлат муттаҳам кард.

Сафири Бритониё Тревор Мур ҳам гуфтааст, масоили озодии баён дар Тоҷикистон дар иҷлоси солонаи муколамаи ҳуқуқи башари байни ИА ва ҳукумати Тоҷикистон баҳс хоҳад шуд. Ин иҷлос 15 ноябр оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG