Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Маскав ба номзадии Собянин раъй хоҳад дод


Интизор меравад, Думаи шаҳри Маскав имрӯз номзадии Сергей Собянин, мушовири наздики сарвазир Владимир Путин ба мақоми шаҳрдори пойтахти Русияро бипазирад. Собянин дар ин мақом Юрий Лужковро, ки дар моҳи гузашта баъд аз 18 соли раҳбарӣ ба шаҳри Маскав аз сӯи раисиҷумҳур Дмитрий Медведев барканор гардид, иваз мекунад.
Собянин имрӯз дар иҷлосияи Думаи Маскав тааҳҳуд супурд, ки бо фасоди густарда дар Маскав мубориза барад: “Ман сахт мӯътақидам, ки фасод ва девонсолорӣ омилҳоест, ки метавонад аксар ва ҳатто шояд тамоми имтиёзҳои Маскав дар рақобат бо дигар шаҳрҳоро аз байн барад.”
Медведев Лужковро аз ҷумла ба ироаи қарордодҳои пурфоида ба ширкати ҳамсари миллиардераш Елена Батурина айбдор карда буд.
XS
SM
MD
LG