Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ акнун аз Туркия пуштибонӣ меҷӯяд


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ имрӯз аз Туркия, нуқтаи охирини силсиласафараш ба кишварҳои минтақа боздид мекунад. Ҳадаф аз ин силсиласафар касби ҳимояти кишварҳои минтақа аз азми Моликӣ барои ҳифзи курсии раҳбарии давлати Ироқ ном бурда мешавад. Дар интихоботи парлумонии моҳи март ҳеҷ кадом аз аҳзоби сиёсии Ироқ натавонист орои аксарро ба даст биорад ва инак 7 моҳ боз дар ин кишвар халоъи қудрат ба вуҷуд омадааст. Эътилофи Моликӣ, ки умдатан аз шиъаҳои ироқӣ намояндагӣ мекунад, феълан талош дорад, барои касби ҳимояти аксари вакилони парлумон бо аҳзоби дигар ташкили иттиҳод бикунад. Моликӣ дирӯз аз Миср дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG