Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии пешсафони сабқати Лигаи олии Тоҷикистон


Рӯзи 20-уми октябр се бозии даври 29-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 5:1 ғалаба кард. (Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 8 (0:1). Дилшод Восиев, 23 (0:2). Юсуф Рабиев, 24 (0:3). Дилшод Восиев, 40 (0:4). Исмоил Шонов, 41 – аз пенолти (1:4). Фарҳод Тоҳиров, 59 (1:5).

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода тими меҳмон – «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. (Голҳо: Даврон Эргашев, 52 (1:0). Абдулҳофиз Иброҳимов, 79 (1:1). Иброҳим Рабимов, 90 – аз пенолти (2:1).

Дастаи Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. (Гол: Обидҷон Исмоилов, 83).

Бозӣ миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров имрӯз, 21-уми октябр, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Истиқлол» бо 65 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ҷои аввал ва тими «Регар-ТадАЗ» бо 61 имтиёз ҷои дуввумро касб кардаанд. Ҳарду даста барои унвони қаҳрамонӣ талош доранд. Дастаи «Хайр», ки барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебарад, бо 44 имтиёз дар зинаи севум қарор гирифтааст.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

25

20

5

0

62-13

65

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

25

19

4

2

72-15

61

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

26

13

5

8

46-31

44

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

11

7

5

29-21

40

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

25

7

9

9

25-39

30

6.

«Энергетик» (Душанбе)

25

8

3

14

31-39

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

26

7

6

13

33-45

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

25

4

4

17

24-59

16

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

26

1

3

22

17-80

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 24 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Дилшод Восиев («Истиқлол»), (Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG