Имрӯз дар назди бинои сафоратхонаи Русия дар Бишкек даҳҳо нафар фаъолон бар зидди мудохилаи Русия ба корҳои дохилаи Қирғизистон эътироз карданд. Эътирозкунандагон дар даст чунин шиорҳо доштанд: "Мо узви Федератсияи Русия нестем", "Путин, аз Қирғизистон даст бардор". Созмондиҳандагони ин эътироз гуфтанд, Русия беш аз пеш ба корҳои сиёсии Қирғизистон мудохила мекунад.