Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вазири пешини Украина дар Чехия


Полиси Ҷумҳурии Чех иттилоъ дар бораи боздошти собиқ вазири иқтисоди Украина Богдан Данилишинро тасдиқ кард. Мақомоти Украина Данилишинро дар берун аз ваколат пой мондан муттаҳам мекунанд. Павла Копетска, намояндаи полиси Ҷумҳурии Чех, гуфт, ки вазири собиқи Украина бо дархости Интерпол ё Полиси байнулмилал дастгир шудааст. Ӯ афзуд, ки "айни ҳол Данилишин дар маҳбас ё боздоштгоҳи муваққат нигаҳ дошта мешавад. Бояд масъалаи имкони интиқоли ӯ ба мақомоти Украина ҳал шавад".
Богдан Данилишин аз соли 2007 то соли 2010 узви ҳукумати Юлия Тимошенко буд. Баъди сари қудрат омадани раисиҷумҳур Виктор Янукович алайҳи вазири пешини иқтисод парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
XS
SM
MD
LG